Ваксинаи каронавирус тирамоҳ дастраси омма мегардад
Донишгоҳи Оксфорд дар якҷоягӣ бо ширкати итолиёвии Irbm ба омода намудани ваксинаи каронавирус машғуланд ва эҳтимол тирамоҳ ё зимистон дастраси омма гардонида шавад
Волтер Ричардӣ, мушовири вазири тандурустии Италия ва намояндаи ин кишвар дар Созмони ҷаҳонии беҳдошт, гуфт агар ҳамааш хуб шавад, дар тирамоҳ ва зимистон мо метавонем вояи аввалини воксинаро, аз ҷумла барои мардуми итолиё, дастрас хоҳем кард.
Ба гуфтаи Ричардӣ, дар таҳияи воксинҳо Аврупо нисбат ба Иёлоти Муттаҳида пешсаф аст ва доруи итолиёвӣ-бритониёӣ назар ба дигарон дар зинаи пешрафта қарор дорад.
Дар бораи имкони мавҷи дуюми эпидемия, ки дар моҳи октябр ба вуқӯъ меояд, коршиноси итолиёӣ таъкид кардааст, ки “ҳеҷ кас ба ин 100 дарсад боварӣ дошта наметавонад.”
“Аммо мо боварӣ дорем, ки гум шудани вирус аз эҳтимол дур нест… Мо бояд ба як чунин заминларзаи эҳтимолӣ омода бошем”, – таъкид доштааст Ричардӣ.
Дар нимаи моҳи май директори генералии Irbm Пиеро Ди Лоренсо гуфта буд, ки кор бар воксина бениҳоят суръат ёфтааст ва эҳтимолияти зиёд аст, ки миқдори кофии вояҳо дар охири моҳи сентябр пайдо хоҳанд шуд. Вай таъкид карда буд, ки дар охири моҳи апрел воксина ба 510 ихтиёриён гузаронида шуд. Ҳолати онҳо ягон мушкил надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ