Ваксинаи пурқувват ва барои инсон безарарро кашф карданд!
Ширкати азими дорусозии ИМА Pfizer ва шарики олмонии он BioNTech SE рӯзи 9 ноябр эълом доштанд, ки ваксинаи таҷрибавии COVID-19 дар озмоишҳои аввалия ба самарабахшии беш аз 90-дарсадӣ расидааст.
Аз ин пешрафт президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден дар ҳоле истиқбол кард, ки як гурӯҳи кории 13-нафараи зидди коронавирусро таъсис дод. Ҳамзамон ӯ аз ҳамаи амрикоиҳо даъват кард, ки барои коҳиш додани вирус ниқоб пӯшанд. “Кишвари мо зери хатар аст,» гуфт ӯ. Ширкатҳо гуфтанд, ки ҳеҷ гуна таъсири хавфноки ваксинаро пайдо накардаанд ва мунтазири дарёфти иҷозатномаи фавқулодаи ИМА барои оғози истифодаи онанд. «Имрӯз барои илм ва аҳли башар як рӯзи бузург аст», гуфт раис ва мудири иҷроияи ширкати фарматсевтии Пфизер Алберт Бурла. Вай афзуд, кашфи ваксина як марҳилаи муҳим дар мубориза бо пандемияи ҷаҳонист, ки беш аз 1 миллион нафарро куштааст. Хушхабар мояи боло рафтани шохисҳои асосӣ дар бозорҳои саҳҳомӣ дар саросари ҷаҳон шуд ва индекси S&P 500 ва Dow ба баландтарин сатҳи рекордӣ расиданд. Саҳмияҳои бонкҳо, ширкатҳои нафтӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ хеле баланд шуданд. Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ин эъломияро «рӯҳбаландкунанда» номид. Иёлоти Муттаҳида рӯзи 9 ноябр марзи 10 миллион ҳолати тасдиқшудаи коронавирусро як рӯз баъди он убур кард, ки шумори беморон дар ҷаҳон аз 50 миллион нафар бештар шуд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ