Ваксинаи зидди коронавирусро дар Қазоқистон истеҳсол хоҳанд кард

Дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон сарвазири ин кишвар Аскар Мамин ба сохтмони як коргоҳи истеҳсоли ваксинаи биофармасевтӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои амнияти биологии Кумитаи илмҳои Вазорати маориф ва илми (ВМИ) Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳраки Гвардейскии ноҳияи Кордай оғоз бахшид.

Коргоҳ дорувории иммунобиологиро тибқи меъёрҳои байналмилалии таҷрибаи хуби истеҳсолӣ (GMP), аз ҷумла ваксинаи зидди сирояти коронавирус истеҳсол хоҳад кард. Дар айни замон, ваксинаҳои номзадии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Қазоқистон бар зидди COVID-19 ба рӯйхати СҶТ шомил карда шудаанд ва аз озмоишҳои токлиникӣ бомуваффақият мегузаранд.

Дар ин коргоҳ инчунин ваксинаҳо бар зидди зукоми пандемия, сил, бруселлёз, дерматитҳои нодулярӣ, вабои ҳайвоноти хурди кавшакунанда, эктимаи сироятии гӯсфанду буз, бемории нағзакони гӯсфанд ва дигар бемориҳои сироятӣ истеҳсол хоҳанд шуд.

Дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ моҳи декабри соли ҷорӣ ба анҷом расида, ҳамасола то 60 миллион вояи дорувории биофармасевтӣ тавлид шавад.

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои амнияти биологии Кумитаи илмҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон соли 1958 ҳамчун яке аз 6 муассисаи бузургтарини вирусологӣ дар ИҶШС таъсис дода шудааст. Ҳайати кормандон аз 214 корманди илмӣ ва вирусологҳои пешбар (академикҳо, докторҳо ва номзадҳои илм, PhD) иборат буда, 13 озмоишгоҳи кор бо сироятҳои хатарнокро дар бар мегирад.

Пажӯҳишгоҳ барои соҳаи кишоварзӣ ва системаи тандурустӣ ваксинаҳо таҳия мекунад, дорувории иммунобиологӣ истеҳсол намуда, дар соҳаи таҳдидҳои амнияти биологӣ тадқиқот мегузаронад, системаҳои санҷиширо барои ташхиси бемориҳои хатарнок ва махсусан хатарнок таҳия ва ҳамчун амонатгузори штаммҳои хатарнок ва махсусан хатарноки вирусҳо ва микроорганизмҳо амал мекунад.

То имрӯз, пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ дар асоси 5 озмоишгоҳ 67 намуди ваксинаҳои ватаниро, аз ҷумла барои ҳифзи саломатӣ аз зукоми парранда (7 дар ҷаҳон) ва зукоми хук (6 дар ҷаҳон), зидди зукоми парранда барои соҳаи кишоварзӣ (яке аз аввалинҳо дар ҷаҳон), ваксинаи нави вектории зидди бруселлёз (аз аналогҳои ҷаҳонӣ болотар аст) истеҳсол кардааст. Имсол ваксинаҳои зидди бемории сафедсил ва 4 ваксинаи зидди COVID-19 таҳия карда мешаванд.

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ҳамчун таҳвилкунандаи ваксина дар хориҷа ба феҳристи Иттиҳоди Гумрукӣ ворид гашта, ба гурӯҳи истеҳсолкунандагони ваксинаҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ шомил  шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *