Валентина Матвиенко ҳиҷоб пӯшид

Раиси палатаи болоии парлумони Русия Валентина Матвиенко, ки се рӯз пеш ба Арабистони Саудӣ сафар дошт, дар мулоқот бо малик

Раиси палатаи болоии парлумони Русия Валентина Матвиенко, ки се рӯз пеш ба Арабистони Саудӣ сафар дошт, дар мулоқот бо малик Салмон Ал-Сауд ва дигар раҳбарони ин кишвар бо ҳиҷоб ҳозир шуд. Ин иқдоми ӯ дар маҳфилҳои Русия баҳсҳои зиддунақизеро барангехтааст.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия – маҷлиси болоии парлумони Русия, ки рӯзҳои 15-16 апрел аз Арабистони Саудӣ боздид кард, дар мулоқот бо мақомоти раҳбарии ин кишвар, аз ҷумла дар дидор бо малик Салмон бин Абдуалазиз Ал-Сауд бо ҳиҷоби рангаш сабз ҳозир шуд.

Валентина Матвиенко дар шарҳи чунин тарзи либоспӯшиаш гуфт, албатта, агар ӯ бо либоси маъмулии аврупоӣ ҳам ба ин мулоқотҳо мерафт, «ҷониби мизбон чашм мепӯшид ва таҳаммул мекард, вале озурдагӣ дар дилашон мемонд.”

Валентина Матвиенко пӯшидани ҳиҷоб дар ҷараёни сафараш ба Арабистони Саудиро «як таоруфи дипломатӣ” номид ва гуфт, «вақте ба як кишвари дигар меравед, шумо бояд ба фарҳанг, анъанаҳо, вижагиҳои мазҳабии он кишвар бо эҳтиром муносибат кунад. Ин шарти ҳатмии нафақат таоруфи дипломатӣ, балки баёнгари фарҳангии ботинии худи шумо низ ҳаст.”

Ӯ афзуд, зери по кардани арзишҳои миллии кишвари мизбон ба эъмори ҳусни эътимод ва ҳусни эҳтиром байни тарафҳои музокиракунанда мусоидат намекунад.

Хонум Матвиенко гуфт, аз инки ҳиҷоб ба тан кард, худро нороҳат ҳис накардааст, балки вақте вакилони зан аз парлумони Саудӣ аз ин кораш тақдир карданд, хеле болидааст: «Онҳо гуфтанд, ташаккур ба шумо, ки ба анъанаҳои мо чунин арҷ гузоштед, ташаккур барои интихоби ранги сабз, ки хеле ба шумо зебидааст. Ин ҳама шояд чизҳои ҷузъӣ бошанд, вале ҷомаи дипломатия аз ҳамин нақшҳои ҷузъӣ, ки ягон гиреҳ надоранд, бофта мешавад.”

Аммо дар баҳсҳо дар Интернет бархе корбарони рус аз чунин шеваи арҷгузорӣ ба фарҳанги кишварҳои дигар интиқод карда, аз ҷумла навиштаанд, «пас чаро мансабдорони зан аз кишварҳои мусалмонӣ айни чунин эҳтиромро ба ҷо оварда, дар ҷараёни сафарҳояшон ба кишварҳои масеҳинишин либоси аврупоӣ ба бар намекунанд?”

ва дигар раҳбарони ин кишвар бо ҳиҷоб ҳозир шуд. Ин иқдоми ӯ дар маҳфилҳои Русия баҳсҳои зиддунақизеро барангехтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *