Валерий Фадеев: Дар Русия ҳам пӯшидани ҳиҷоб манъ карда шавад

Валерий Фадеев, раиси Шӯрои ҳуқуқи башар дар Русия пешниҳод кардааст, ки пӯшидани ҳиҷоб дар кишвараш манъ карда шавад.
«Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як мушкили дигар ҷалб намоям. Дар Русия пӯшидани либосҳои ҳиҷобе, ки чеҳраи занонро тамоман мепӯшонанд, иҷозат дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳиҷоб мамнӯъ аст”,-гуфтааст Валерий Фадеев.
Илова бар ин, раиси Шӯрои ҳуқуқи башар бар ин назар аст, фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, набояд ба мактаб қабул шаванд.
Валерий Фадеев пешниҳод кардааст, ки пеш аз қабули хонандагон бояд сатҳи забондонии онҳо санҷида шавад.

https://pressa.tj/mani-ҳoҷitalbonu-idgardak/

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *