Валиҷону Ҷаҳонгир ба духтарон бадгӯӣ карданду 5 рӯз ҳабс шуданд

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе ду ҷавон, ки ба истилоҳ «ҷавонони ҷипсавор» номашон мебаранд, 4 ҷавондухтарро ҳангоми гаштугузор дар яке аз кӯчаҳои пойтахт дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашонро паст задаанд.

Зимнан навори ҳодисаи мазкур низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифтааст. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чораҳои дахлдори оперативӣ роҳандозӣ гардида, дар натиҷа «ҷавонони ҷипсавор»-и дар навор инъикосгардида баъди ҳамагӣ 1 соати нашри навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд.


Муҳаммадҷонов Валиҷон Луқмонҷонович санаи таваллудаш 01. 03. 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Баҳор, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус» рақами қайди давлатиаш 1010JD01;

Бегов Ҷаҳонгир Далаталиевич санаи таваллудаш 26. 08. 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Маданият мебошанд.

Зимни пурсиш номбурдагон ба гуноҳи содирнамудаашон иқрор намуда, иброз доштанд, ки шоми 15-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ назди Театри опера ва балет ба номи Устод С. Айнӣ тавассути автомашинаи зикргардида ҳаракат доштан, ба ҷавондухтарон гаппартоӣ ва бадрафторӣ намуда, онҳоро мавриди озори лафзӣ қарор додаанд, ки аз ин кирдорашон воқаен пушаймонанд.

Гуфта мешавад, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Муҳаммадҷонов Валиҷон ва Бегов Ҷаҳонгир тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *