Валиаҳди саудиҳо Амрикоро таҳдид кард

Дар вокуниш ба кӯшиши Вашингтон барои фишор ба Арабистони Саудӣ дар мавриди истихроҷи нафт, валиаҳд ва нахуствазири ин кишвар Муҳаммад бин Салмон Оли Сауд ба Иёлоти Муттаҳида таҳдид кард, ки равобитро қатъ мекунад ва ин паёмадҳои вазнини иқтисодӣ дорад. Дар ин бора рӯзномаи Washington Post менависад.

Нашрия ёдовар шудааст, ки тирамоҳи соли 2022 Арабистони Саудӣ бо вуҷуди гаронии қимати сӯзишворӣ дар Амрико дар якҷоягӣ бо кишварҳои дигари ОПЕК+ тасмим гирифт, ки истихроҷи нафтро коҳиш диҳад, ки Ҷо Байден ба Риёз ваъда дод, ки алайҳи ӯ таҳримот ҷорӣ мекунад.

Бо ин ҳол, бин Салмон дар як суҳбати хусусӣ гуфааст, ки агар Вашингтон ин иқдомро рӯи даст гирад, равобит бо ин кишварро қатъ карда, аз муомила бо ҳукумати Амрико худдорӣ мекунад ва Амрикоро ба “дарди ҷиддии иқтисодӣ гирифтор месозад.

Рӯзноманигори Washington Post Ҷон Ҳутсон қайд кардааст, ки ҳашт моҳ гузашт ва Байден бо вуҷуди ваъдаҳо, алайҳи Арабистони Саудӣ ҳеҷ гуна таҳримот ҷорӣ накардааст. Роҳбарияти саудӣ дар навбати худ мулоқотро бо маъмурияти Амрико давом дода истодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *