Ван-Дамм боз сафир интихоб шуд
Ҳунарпешаи амрикоии белгиятабор Жан Клод Ван-Дамм шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии демократии Конгоро гирифт. Дар ин бора хабаргузории Actualite хабар медиҳад.
Ван-Дамм тавзеҳ дод, ки вазифаи ӯ ба ҳайси сафир пуштибонӣ аз муҳити зист ва олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҳамчунин мусоидат ба сармоягузории хориҷӣ, бахусус кишоварзии кишвар хоҳад буд.
Чуноне ки худи ӯ мегуяд: «Ман фаҳмидам, ки пеш аз ҳама ба кишвар сулҳу субот лозим лозим аст. Ҳоло ба сиёсат даст намезанам. Ман аллакай аз президент ва атрофиёнаш маълумоти зиёде гирифтам…”.
Ӯ ваъда дод, ки ҳамкорони худ Силвестер Сталоне, Арнолд Швартсенеггер ва Ҷекки Чан, инчунин ситораҳои шоу-бизнес ва варзишро ташвиқ медиҳад, ки ба Конго биёянд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки ингуна сафарҳо бехатаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ