Ванҷ дар оғӯши барфи думетра  

 

Бар асари барфбории шадиди рӯзҳои ахир дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон вазъияти фавқулода эълон шудааст. Давлатбибӣ Раҷабова – раиси ноҳияи Ванҷ – рӯзи 15 феврал гуфтааст,  ки баландии барф дар қисмати Ванҷи Боло тақрибан ба 2 метр расидааст.

Ӯ гуфт, ба далели идомаи боришот ва эҳтимоли тармафароӣ корщои тоза кардани барф дучори мушкил шуда ва бо ҳамин сабаб ин ҷараёнро феълан боздоштаанд.

«Техника омода аст. Дар қисмати Ванҷи Боло як булдозери калон дорем. Ду булдозери тамғаи 75 ва дар қисмати роҳи байналмилалӣ «погрузчик» ҳам ҳаст», — афзуд ӯ.

Раиси ноҳияи Ванҷ гуфт, ки дар пайи барфбории зиёд шаби гузашта хатҳои интиқоли нерӯи барқ низ канда шуда, тақрибан тамоми деҳаҳои ноҳия аз рӯшноӣ маҳрум шудаанд. «Вале ҳоло гурӯҳҳои кори ширкати “Помир Энержӣ” деҳа ба деҳа гашта, хатҳои интиқоли нерӯи барқро таъмир ва васл мекунанд», — шарҳ дод Давлатбибӣ Раҷабова.Вай, инчунин, гуфт, таҳсили хонандагони мактаб муваққатан манъ шудааст, чун ҳар лаҳза хатари дар зери тӯдаҳои барф ва тарма мондани кӯдакон вуҷуд дорад. Ноҳияи Ванҷ, ки шоҳиди боришоти зиёди барф дар мавсими имсолаи зимистон шудааст, пайваста мавриди таваҷҷӯҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мешавад. Аммо зоҳиран ҳаво раҳм карданӣ нест. Ба иттилои Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, боридани барф дар ноҳияи Ванҷ то рӯзи 19 феврал ҳам давом хоҳад кард.Масъулон аз сокинони маҳаллӣ даъват карданд, ки ба воҳима наафтанд ва аз чораҳои пешгирикунандаи фоҷиа дар назди манзили зисти худ ва атрофашон кор гиранд. Як сокини деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷ  барфбории ду рӯзи ахирро “фалокат” унвон кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин деҳа, ки аз маркази ноҳия 45 километр болотар ҷойгир аст, баландии барф 1 метру 65 сантиметр шудааст.Ӯ гуфт, “роҳ комилан баста аст. Дар деҳаҳои Миденхарв ва Ширговад тармаҳои калон фаромадаанд. Ноҳия ҳамагӣ 1 трактор дорад. Дар деҳаи мо танҳо як фурӯшгоҳ аст, ки бораш 15 рӯз аст дар деҳаи поёнии Мдехарв дар барф дармондааст.”Ноҳияи Ванҷ дар шарқи Тоҷикистон воқеъ буда, бештар аз 35 ҳазор аҳолӣ дорад. Ин ноҳия аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон 400 километр дур аст. Пиряхҳои калоне мисли Федченко, Кашолаях ва Хирсон дар ин ноҳия ҷойгиранд, ки саргаҳи дарёи Ванҷ маҳсуб мешаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *