Ван И вориди Душанбе шуд

Шоми 31 июл узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ  вориди шаҳри Душанбе шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим пешвоз гирифт.

Интизор меравад, ки имрӯз, 1 август дар доираи сафар Ван Иро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳузур пазиранд.

Ҳамчунин, мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *