Ван сабаби марги Фаррух шуд

26-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 13:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Камаз-Хово”, шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ван Чун Ле, соли таваллудаш 1973, сокини ш.Урумчӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Кӯлоб, дар 69-ум километри роҳи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Бонго”, таҳти идораи Тураев Фарух Юнусович, соли таваллудаш 1973, сокини кӯчаи Шоҳини ноҳияи Данғара, ки аз самти ш.Кӯлоб ба самти ш.Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Бонго” Тураев Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Инчунин, мусофири автомашинаи тамғаи «Бонго” Ҳусейнов Нурмаҳмад Донаболович, соли таваллудаш 1952, сокини деҳаи Ҷарбулоқи ноҳияи Данғара, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 25-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо”, Ғуломов Ҷумъа, соли таваллудаш 1946, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, аз самти ш.Қӯрғонтеппа ба самти ш.Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ҷабборов Эшмаҳмад Азизович, соли таваллудаш 1961, сокини деҳаи Оби-Шифои ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.Дар натиҷа пиёдагард, Ҷабборов Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *