Ванга: «Аврупо аз рӯи замин пок мешавад ва Амрико ҳам инчунин…»: Чин ҳокими мутлақи ҷаҳон хоҳад шуд!!!

«Аврупо аз рӯи замин пок мешавад ва Амрико ҳам инчунин…»: Чин ҳокими мутлақи ҷаҳон хоҳад шуд!!!
Пешгӯиҳои Ванга, ки аллакай амалӣ шуда истодаанд, тавассути ВАО паҳн карда шуданд Васоити ахбори омма пешгӯиҳои бинандаи афсонавии булғор Вангаро паҳн карданд, ки ба гуфтаи рӯзноманигорон, аллакай ба амалӣ шудан шурӯъ кардаанд. Тибқи иттилои piterburger.ru, ҷодугар муноқишаи низомӣ дар Сурияро пешбинӣ кардааст.

Ин далел, ба навиштаи нашрия, даҳшатбор менамояд, зеро Ванга низ гуфтааст, ки пас аз он Ҷанги Севуми Ҷаҳон оғоз хоҳад ёфт ва Аврупо комилан аз рӯи замин пок хоҳад шуд. Иёлотҳо низ мавҷудияти худро қатъ мекунанд. Илова бар ин, вай пешгӯӣ карда буд, ки Чин мақоми абарқудрати ҷаҳонро ба даст меорад ва нақлиёте ихтироъ карда мешавад, ки аз болои замин парвоз карда тавонад. Ба гуфтаи вай, Русия мушкилоти иқтисодӣ хоҳад дошт, аммо дар ниҳоят ҳокими Федератсияи Русия ҷаҳонро наҷот хоҳад дод.

Илова бар ин, вай пешбинӣ карда буд, ки нафт аҳамияти худро гум мекунад ва дар ниҳоят истеҳсоли он қатъ мешавад. Тибқи иттилои портал, сабаби ин эҳтимолан кашфи навъи нави сӯзишворӣ хоҳад буд, ки бо сабаби он таҷовуз дар муносибатҳои байни кишварҳо аз байн хоҳад рафт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *