ВАО-и Туркия аз Машрабов узр мепурсанд?

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) мегӯяд, Яҳё Машрабов, шаҳрванди кишварашро дар ҳамлаи хунини ахири Истамбули Туркия гумонбар намедонад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, Машрабов шаби 1 январ, замони рух додани ҳодиса дар Қирғизистон будааст. Дар пайи нашри акси шиносномаи Машрабов дар интернет КДАМ Қирғизистон ӯро даъват карда, баъди бозпурсӣ раҳо намудааст.

Дар ҳамин ҳол, Консулгарии Қирғизистон дар Истамбул аз як қатор ВАО-и Туркия, ки Машрабовро ҳамчун гумонбари ҳамла ба клуби шабонаи Рейна муаррифӣ карданд, хостааст, то раддия чоп кунанд. Консулгарӣ мегӯяд, бо масъулини нашрияҳои «TRT World», «Йени Шафақ» ва «Ҳурият» тамос гирифта, аз онҳо талаб кардааст, ки бо нашри раддия узр пурсанд.

Қаблан як қатор расонаҳои туркӣ бо истинод ба манобеи худ дар пулис иттилоъ доданд, ки эҳтимол дорад, ба клуби Истамбул шаҳрванди Қирғизистон ё Ӯзбекистон ҳамла карда бошад. Баъдан дар интернет акси шиносномаи Машрабов нашр шуд, ки расонаҳо гуфтанд, гумонбари ҳамлаи ахири Истамбул аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *