Варзишгари машҳури қазоқро куштанд
Дар Қазоқистон як варзишгари маъруф дар паи ҳамлаи фарди ношиносе дар шаҳри Алмаато даргузашт. Ҳамла ба Денис Тен, як раққоси рӯи ях ва устоди варзиш тахминан дар соатҳои 15 рӯзи 19 июл дар шаҳри Алмаато рух дод. Табибон гуфтанд, ки дар паи ҳамла бо корд Денис Тен, ки зуд ба бемористони марказии Алмаато интиқол ёфт, хуни зиёдро аз даст дод ва ниҳоят даргузашт. Ин хабарро ба бахши Қазоқии Радиои Озодӣ дар вазорати беҳдошти Қазоқистон тасдиқ карданд. Денис Тен барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Сочи ва қаҳрамони Осиё оид ба рақси рӯи ях буд.
Дар фарзияи қаблии полис гуфта мешавад, ки варзишгар дар лаҳзаи дуздии оинаи мошинаш ғоратгаронро дидааст. Дар натиҷаи моҷаро дузде ба варзишгар бо корд ҳамла кард.
Рӯзи 13 июн Денис Тен 25-сола шуд. Ӯ яке аз варзишгарони ҳунарманд ва умедҳои варзиши Қазоқистон буд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шарафи кишварашро ҳимоят мекард.
Бознашр аз «Озодӣ»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ