Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Амрико ширкат мекунад
Аз 15 то 24-уми июл дар шаҳри Юҷини иёлати Орегони Амрико Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук баргузор мешавад, ки дар он намояндаи Тоҷикистон низ ширкат мекунад.
Дар чемпионат, ки аз рўи 49 мусобиқа (48 мусобиқа миёни мардон, 48 мусобиқа миёни бонувон ва 1 мусобиқаи омехта) баргузор мешавад, 1900 варзишгар аз 200 кишвари дунё иштирок мекунанд.
Ҷумҳурии моро дар ин чемпионат Илдар Аҳмадиев, ки ширкаткунадаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 аст, дар дав ба масофаи 100 метр намояндагӣ мекунад.
Илдар 1-уми марти соли 2000-ум дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Донишҷўи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва узви дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон аст. Таҳти роҳнамоии мураббӣ Ғайрат Неъматов тамрин мекунад. Илдар дар дав ба масофаи 100 метр ва ҷаҳиш ба дарозӣ солҳои 2019-2021 дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.
Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳонии сабук 3 медал, 2 тилло ва 1 нуқра дорад. Медалҳои тиллоро солҳои 1993 (Штутгарди Олмон) ва 1995 (Гетеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст овардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ