Варзишгарони Кения ва Эфиопия ғолиби дави Душанбе шуданд (аудио)
16-уми апрел бахшида ба Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони XII-уми байналмилалии Душанбе баргузор шуд.
Дар мусобиқа дар баробари давандҳои Тоҷикистон, ҳамчунин варзишгарону дўстдорони дав аз беш аз 15 кишвар ширкат карданд.
Фонди ҷоизаҳои Ниммарафони байналмилалии Душанбе 446160 сомонӣ буд, ки шашгонаи аввал ҳам миёни мардҳо ва ҳам миёни бонувон бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони 12-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе:
Бонувон
1. Течу Бекелу Абебе (Эфиопия), 1:16.07
2. Нҷау Мари Венчуи (Кения), 1:18.39
3. Гулшанай Саттарова (Қирғизистон), 1:20.42
4. Екатерина Тунгушкова (Ӯзбекистон), 1:22.13
5. Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон), 1:33.23
6. Зулҳиҷҷа Ғаффорзода (Тоҷикистон), 1:33.41
Мардҳо
1. Тоо Лазарус (Кения), 1:05.39
2. Ҷирма Тилаҳун (Эфиопия), 1:06.43
3. Шафар Виталий (Украина), 1:07.08
4. Нурсултон Кемшибеков (Қирғизистон), 1:07.28
5. Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон), 1:08.34
6. Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон), 1:14.15
Ин мусобиқа аз соли 2010 ҳар сол ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил кардани Рўзи пойтахт, оммавияти варзиш, ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ, солимии ҷомеа ва дўстии миллатҳо баргузор мешавад.
Ниммарафони байналмилалии Душанбе соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид шудааст, ки имкон медиҳад шумораи иштирокчиён аз кишварҳои гуногун сол то сол афзоиш ёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ