Варзишгарони тоҷик аз Екатеринбург 3 медали тилло ва 5 биринҷӣ оварданд
Ҷашнвораи байналмилалии донишҷўёни варзишгар аз 19 то 31-уми август дар шаҳри Екатеринбурги Русия байни варзишгарони донишҷўи 36 кишвар аз рўи 14 намуди варзиш баргузор гардид.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 54 нафар варзишгарон аз рўи 6 намуди варзиш муаррифӣ карданд, ки се медали тилло ва 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Рўзи 5-уми Ҷашнвораи байналмилалии донишҷўёни варзишгар дар шаҳри Екатеринбурги Русия барои варзишгарони тоҷик бо муваффақият ба анҷом расид. Дар ин рўзи мусобиқа муштзанони тоҷик Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг бо мағлуб кардани рақибон соҳиби медали тилло, Дилдода Асақалова дар вазни то 54 кг бо шикаст додани рақибон соҳиби медали биринҷӣ ва Абубакр Муродзода дар вазни то 60 кг бо ҳунару маҳорати воло ва ноком кардани рақибон соҳиби медали тиллои мусобиқа гардиданд.
Варзишгарони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов то имрўз дар куштии ҷудо 1 медали тилло — Абубакр Шеров (-73 кг), 1 медали биринҷӣ дар ҳайати даставӣ ва дар бокс 4 медали биринҷӣ — Дилдода Асақалова (-54 кг), Шоҳин Ҳигматов (-63,5 кг), Диёр Султонов (-75 кг), Толибҷон Расулов (-86 кг) ба даст оварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ