Варзишгарони тоҷик аз Туркия се медал оварданд (аудио)
Шаҳри Изники Туркия мизбони Бозиҳои 1-уми ҷаҳонии кўчманчиён шуд. Барои ширкат дар ин мусобиқа зиёда аз 3 ҳазор варзишгар аз 102 кишвари ҷаҳон ҷамъ омаданд.
Дар доираи Бозиҳои ҷаҳонии кўчманчиён кокбору ва алиш мусобиқаҳои расмӣ қабул шудаанд. Инчунин, мусобиқаҳои кокпар, аширмалӣ, аба курош, паҳлавонӣ, куштии шалворӣ, куштии майӣ, куштии камарбандӣ, кураш, мас-рестлинг ва камонварии анъанавӣ, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд, баргузор шуданд.
Дар ин мусобиқа ду паҳлавони тоҷик ширкат карданд. Ҳамин тавр, Наврўзи Каримзод дар вазни 73 кг медали нуқра ва биринҷӣ (кураши ӯзбекӣ ва қазоқӣ) ба даст овард.
Дар вазни 81 кг Мирзоҷамил Рамазонов дар намуди кураш медали биринҷӣ гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ