Варзишгарони тоҷик дар Ниммарафони байналмилалии СҲШ иштирок карданд

Бо иштироки 2300 варзишгар аз 31 давлат дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсидинов, Зулҳиҷа Ғаффорзода, Раҷабмо Абдуллоева намояндагӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ниммарафони СҲШ дар шаҳри Тошканд дар ду масофа баргузор шудааст — 10 км ва 21 км 97,5 м. Натиҷаи беҳтарро миёни варзишгарони мо дар ниммарафон бонувон ба қайд гирифтаанд. Раҷабмо Абдуллоева бо натиҷаи 1:29:53 панҷум ва Зулҳиҷҷа Ғафорзода бо натиҷаи 1:31:00 шашум шудаанд.

— Ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 баргузор мегардад. Соли гузашта шаҳри Душанбе мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *