Варзишгарони Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё 8 медал ба даст оварданд

Дар кишвари Урдун Чемпионати бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон бо ширкати варзишгарони 21 кишвари қора ба анҷом расид. Намояндагони наврасу ҷавони Тоҷикистон дар ҳайати 21 варзишгар аз ин мусобиқа 8 медал ба даст оварданд, ки ду медали нуқра аст.

Дар даври финалии мусобиқа варзишгари тоҷик Абдураҳим Ёқубов дар вазни -60 кг муҳориба карда, ҷойи дуюмро ишғол кард.

Абдураҳим Ёқубов аз ҳарифи қирғизистониаш Алмаз Орозбеков бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд ва бо медали нуқра иктифо кард. Ин варзишгари тоҷик то ба финал расидан дар се муҳориба муқобили Паочанзуек Фиси аз Тайланд, Рудра Пратап Сингҳ аз Ҳиндустон, Суҳроб Аминов аз Ўзбекистон пирўз шуд.

Се варзишгари дигари ҷавони Тоҷикистон — Юсуф Фозилов дар вазни -71 кг, Нурланбек Эрматов дар вазни -75 кг ва Акмалҷон Абдувалиев дар вазни -86 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Наврасони Тоҷикистон низ соҳиби 4 медал шуданд. Анўшервон Фозилов дар вазни -46 кг медали нуқра, Ҳангома Исоева дар вазни -57 кг, Руслан Ғафуров низ дар вазни -57 кг, Рустамҷон Ашўров дар вазни -60 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *