Варзишгарони тоҷик дигар наметавонанд ҳиҷоб ва риши дароз дошта бошанд

Варзишгарони тоҷик аз ҳаққи доштани риши баланд ва пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла рӯсарӣ, маҳрум хоҳанд шуд. Бар асоси тарҳи Кодекси одоби варзишгарони тоҷик, ки бори аввал аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ омода ва барои баррасӣ пешниҳод шудааст, «варзишгарон, инчунин, набояд мӯйи сари баланд ва нохунҳои дароз дошта бошанд».
Мақомоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфтанд, барои таъини ин меъёр далелҳои худро доранд. Аз ҷумла, ба қавли Сӯҳроби Акбаршо, як масъули Кумита, «ин кор бо ҳадафи риояи тозагӣ аст. Ба хотири нагузаштани бемориҳои сироятӣ баъзе аз чизҳо, ба монанди нагузоштани ришу мӯйи сари баландро таъкид кардем. Сатр дар чанд намуди варзиш дар вақти сабқат халал мерасонад».

Сӯҳроби Акбаршо гуфт, ин тарҳ ҳанӯз ниҳоӣ нест ва барои баррасӣ, аз ҷумла гирифтани фикру назари мутахассисон пешниҳод шудааст. «Баъд аз гирифтани таклифу пешниҳод шакли комили Кодекс аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қабул карда мешавад. Риояи кодекс барои ҳамаи варзишгарон ва мураббиён ҳатмӣ мешавад. Ба хотири он ки дар чанд маъракаи калон дар дохили ҷумҳурӣ баъзе аз варзишгарон ба бетартибӣ роҳ доданд», — афзуд вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *