Варзишгоҳи Волгоградро борон шуста бурд
Замини атрофи варзишгоҳи Волгоград аз шиддати борони зиёд шуста шуд. Дар ин бора ВАО-и маҳаллии Руссия хабар медиҳад.
Дар давраи бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 , шаҳри Волгоград ба қатори 11 шаҳри макони баргузории бозиҳои футбол дар сатҳи байналмилалӣ интихоб гардида буд.
Дар варзишгоҳи нави врлгоградӣ бозиҳои футбол миёни Полша ва Ҷопон, Англя ва Тунис, Нигерия ва Исландия, Арабистони Саудӣ ва Миср гузашта буд. Варзишгоҳи «Волгоград Арена» бо зебоӣ ва шуку шаҳоматаш дар хотири мухлисони футбол нақш баста буд.
Ба иттилои ВАО-и маҳалӣ рӯзи хотимаёбии бозиҳои ҶҶ-2018, бо сабаби бошиддат боридани борон, замини атрофи варзишгоҳ шуста шуд. Ин ҳодисаи нохуш таъби тамоми ҳаводоронро хира намуд.
Оҷонсии иттилоотии «Блокнот Волжский» видеои ҳодисаро нашр намудааст. Дар он дида мешавад, ки замини атрофи варзишгоҳ селоба шуда роҳи назди варзишгоҳро хароб намудааст. Дар ҳоли ҳозир ҳаракат дар роҳ ғайриимкон гардидааст. Аз ҳолати дохили варзишгоҳ то ҳол маълумоте нест.
Бояд хотиррасон намуд, ки барои сохтани варзишгоҳи мазкур 16,5 миллиард рубл (36% маблағи умумии бозиҳои ҶҶ—2018, ки он 45,3 миллиард рублро ташкил медод) сарф шуда буд. Хисороти расонидаи ҳодисаи табиӣ 1, 667 миллиард рублро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ