Варзоб: Аз 15 корхонаи саноатӣ танҳо дутои онҳо фаъолият доранд
Тавре дар нишасти хабарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ки таҳти сарварии раиси ноҳия Маҳмадулло Шерализода (акнун собиқ) баргузор гардид, гуфта шуд, дар ҳудуди ноҳия 15 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо ҳамагӣ 2 корхона фаъолияти доимӣ доранду халос.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки даромади буҷа аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати соли гузашта 14 миллиону 700 сомонӣ кам аст ва ҳамагӣ 23,3 %-ро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки айни замон яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар рушди саноат эълон гардидааст.
P.S. Вақте хабари мазкур омода мегардид, хабар расид, ки Маҳмадулло Шерализода бо фармони Президент бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳия озод карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ