Вашингтон пуштибони Толибон

Нишондодҳои мақомоти Афғонистон ва гурӯҳи экстремистии Толибон бозгӯи далели он аст, ки Вашингтон террористонро дастгирӣ кардааст
Иёлоти Муттаҳида бо созмони террористии мамнӯъ дар Русия «Давлати исломӣ»* ҳамкорӣ доштааст.

Зимни як сӯҳбати онлайӣ дар клуби байналмилалии мубоҳисавии Валдай намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон, мудири шӯъбаи осиёии вазорати корҳои хориҷӣ Замир Кабулов гуфт.

«Ман мутмаинам, ки чунин ҳамкорӣ вуҷуд дошт. Мо ба гирифтани маълумоти хеле мушаххас дар бораи чунин далелҳои ҳамкорӣ шурӯъ кардем» — гуфт Кабулов.
Ба гуфтаи вай, Русия аз афғонҳо иттилоъ гирифт, ки онҳо намефаҳмиданд, чаро чархболҳо манотиқи ишғолкардаи ДОИШ-ро* бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ таъмин мекунанд.

Кабулов таъкид кард, ки далелҳои ҳамкории Амрико ва «Давлати исломӣ»-ро нишондодҳои толибон низ тасдиқ мекунанд.
Ҷангиёне, ки мухолифони ДОИШ мебошанд, боре ба гурӯҳи калони террористон дар шимоли Афғонистон ҳамла карданд.

«Доишиёнро тавассути чархболҳои дорои нишонаҳои шиносоӣ ба минтақаи пойгоҳи ҳавоии Багром бурданд» , — гуфт намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия дар Афғонистон.»

Кобулов инчунин афзуд, ки Толибон «ба як омили мусбат дар самти амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ» табдил ёфтааст. Радикалҳо аъзои ташкилотҳоеро, ки ба давлатҳои дигар таҳдид мекунанд, нест мекунанд.
Дипломат қайд кард, ки ҳоло дар қаламрави Афғонистон беш аз бист гурӯҳи террористии хурду миёна фаъоланд, ки дар байни онҳо ДОИШ* хатарноктарин ва фаъолтарин аст.

* — гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломӣ», мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *