Васияти миллиардер Стив Ҷобс

Шӯҳрати бойгарӣ дар пеши марг ҳеҷанд

Стив Ҷобси 56-сола, ҳарчанд ки  миллиардер буд, вале ин барояш он қадар аҳамият надошт. Ӯ асосгузори ширкати  Apple –молики тахмин 7 миллиард доллар, 5 октябри соли 2011 бар асари саратони  ғадуди зери меъда фавтид.

Стив Ҷобс зимни рейтинги фарзиявии  Forbes дар  миёни  амрикоиҳои сарватмандтарин мақоми 39-умро ишғол карда буд. Воқеан, сармояи асосии Ҷобсро саҳмияҳои ширкати себ, ки арзиши он айни  замон наздики $350 млрд. ва беш аз $10 млн. коғазҳои қиматноки студияи Pixar мебошад, ташкил медиҳад.

Сарватманди номбурда қабл аз марг  суханони вопасинашро ҳамчун васиятнома навиштааст, ки хеле омӯзанда мебошад.

«Ман дар олами расмӣ  ба қуллаи баландтарини муваффақият расидам. Ҳаёти ман дар чашми дигарон маҳаки муваффақиятҳост. Лек ман, ба ғайр аз кору меҳнат,  хушиҳои кам дидаам. Билохира, сарват ин далели одии зиндагист, ки ман ба он одат кардаам.

Он лаҳзаҳое, ки ман бемори бистариам,  тамоми умрам аз ёдам мегузарад. Хуб мефаҳмам ки шуҳрату боигариҳои  ман моҳияте надоранд ва дар пеши марги ногузир ҳеҷанд.

Шумо метавонед ким-касеро кироя намоед, то  ки бароятон мошин ронад, аз баҳри шумо пул кор кунад, аммо шумо наметавонед касеро киро кунед, ки  бар ивази ҳамаи пулҳоятон  бемории шуморо  ба зимма бигирад.

Мумкин аст ашёи моддӣ ёфта бихаред. Вале як чизе ҳаст, ки   агар  он аз даст равад,  онро на ёфта мешаваду на харида — он «зиндагӣ»  мебошад.

Худро дӯст доред, аммо эҳтироми дигаронро бидонед. Ҳарчанд ки мо бузург мешавем, ҳамон қадар ақламон меафзояд ва мо батадриҷ дарк мекунем, соате ки 30 доллар арзиш дорад ва соате, ки 300 доллар қимат дорад, ҳамон як вақтро нишон медиҳанд.

Ё мо бо худ ҳамёнеро мегирем, ки 30 доллар нарх дорад ё ҳамёнеро, ки 300 арзишаш доллар мебошад, ҳар ду як маблағи муайяни пулро меғунҷонанд.

Мо автомобили 150 ҳазордоллара ё мошини нархаш 30000 долларро савор шуда мегардем, ки ҳар ду роҳ ва масофаи якхеларо тай мекунанд ва мо ба ҷойи муқарраршуда рафта мерасем.

Агар мо  шишаи арақи 300-доллара ё майи арзишаш 10 долларро бинӯшем, якхела кайф мекунем.

Дар хонае, ки 300 метри мураббаъ ё 3000 метри мураббаъ масоҳат дорад, ту ба якранг танҳо ҳастӣ.

Хушбахтии ҳаққонии шумо на танҳо аз чизҳои моддӣ маншаъ мегирад. Агар шумо дар класси якум ё эконом-класси тайёра парвоз мекарда бошед, агар тайёра биафтад, ту якҷо бо он сарнагун мешавӣ.

Бад ин минвол… вақте шумо дӯст доред ё ягон касеро, ки бо ӯ дарди дил карда метавонед, ин хушбахтии ҳақиқист!

Панҷ далели баҳснопазир

1. Фарзандони худро дар рӯҳияи сарватманд шудан тарбия накунед. Онҳоро тавре тарбия намоед, ки хушбахт бошанд. Аз ин рӯ, замоне ки онҳо ба камол мерасанд, онҳо ба қадри арзиши чизҳо мерасанд, на ба қиматии онҳо.

2. Ғизоро ҳамчун дору бихӯр. Дар акси ҳол шумо доруатонро ба сифати ғизо мехӯред.

3. Ононе, ки шуморо дӯст медоранд, ҳатто дар ҳолати 100 фоиз сабаб доштан ҳеҷ вақт шуморо тарк намекунанд. Ё ӯ ҳамеша як сабаберо меёбад, ки бо ҳеҷ гоҳ шуморо намепартояд.

4. Байни одам будан ё одамгарӣ фарқияте бузурге ҳаст.

5. Агар шумо тезтар рафтанӣ бошед, танҳо равед! Вале агар хоҳед, ки ба дуриҳо расед, бо ҳамсафар равед!

Шаш табобати беҳтарин дунё:

1. Нури хуршед;

2. Истироҳат;

3. Варзиши бадан;

4. Парҳезкорӣ;

5. Боварӣ ба худ ва

6. Дӯстон.

Онҳоро дар ҳамаи марҳилаҳои умр нигоҳ доред ва аз тарзи зисти солим ҳаловат баред».

Ин васиятро ба дӯстону наздикони худ расонед. Бигузор онҳо дурудароз ва хушбахтона умр ба сар баранд!

Таҳияи Эмоми Назариён

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *