Ватандорӣ ба гуфтор аст ё…
Солҳои охир дар бораи ватандорӣ бисёр мегӯянду менависанд, вале ифтихори ватандорӣ на аз сухан, балки аз дониши амиқ доштан дар боби таъриху фарҳанги миллат сарчашма мегирад.
Инсон танҳо ҳамон вақт ба маънии томаш миллати хешро мешиносад ва ба қадри ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи пойдории давлат мерасад, ки роҳи дар тӯли таърих тайнамудаи миллати хешро бидонад ва аз ҷонбозиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат пайи таҳкими давлат огоҳӣ дошта бошад.
Аз ин нигоҳ, нақши китоб дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ ва дар шууру мағзу қалби онҳо ҷой намудани ифтихори ватандорӣ хеле бузург аст.
Китоб роҳи инсонро мунаввар намуда, натанҳо асрори илму донишро барои мо мекушояд, балки достони ҷонбозиҳо ва пайкори аҷдодони сарафрозамонро ба хотири Ватан бозгӯ намуда, дар дили шахс ҳисси ифтихорро ба вуҷуд меорад.
Аз ин хотир, пеш аз ҳама, волидон ва баъдан омӯзгорон дар мактаб бояд ҳамеша бар он талош намоянд, ки шавқу завқи китобхониро дар дили кӯдакону наврасон бедор созанд, зеро китоб беҳтарин муаллим буда, одамро ба маънии томаш одам мекунад.
Мавзуна БОБИЕВА, омӯзгори МТМУ №50-и ноҳияи Варзоб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ