Вайбербозию хонасӯзии зани суғдӣ

 2-3 рӯз пештар ба дафтари хабаргузории ҳафтанома “Оила” дар вилоти Суғд зане занг зада шикоят кард, ки келинаш ба шавҳараш хиёнат карда, тариқи  вайбер  бо як не, се  ҷавонмард муносибат мекардааст. Шумо ягон асос доред, ки келини шумо ба шавҳараш хиёнат кардааст?-пурсидем аз зан. “Ҳозир дар ҷои коратон бошед ман ҳамаи фактҳоямро гирифта меравам”- гуфт зан.

Пагоҳӣ соати тахмин 9:00 зан як баста акс, аудио ва видеоро гирифта ба дафтари хабаргузорӣ овард. Зан аксҳоро нишондодаравон ба гиламандӣ сар кард: Чаро имрӯз дар ҷомеаи мо ҳуқуқи зан поймол  шавад ҳам журналистон ва ҳам масъулин тамоми кушишашонро харҷ мекунанд, вале ҳуқуқи мард поймол шавад боло сӯхта намакоб карда, боз аз зан тарафдорӣ мекунанд?

Ман аз он ҳайронам, ки барои чи занҳое, ки бо як шавҳар зиндагӣ мекунаду бо сад марди дигар муносибат ягон ҷазо нест? Нисбати онҳо ягон чораандешӣ намешавад? Чаро таноби як-ду нафар чунин сабукпойҳоро намекашанд, ки ба дигарҳо сабақ шавад?

Хулас он зани аламдор аз мову мақомот гиламандии зиёд кардан гирифт. Шояд аз як тараф эродҳои ӯ ҷон дошт? Ба ҳар  барои то кадом андоза гуфтаҳои ӯ ҳақиқатан ба келин ва писараш низ сӯҳбат кардем, ки келин ҳамагӣ як гап дошт:- Ман бачагӣ карда бо ҷавонон гап мезадам, пушаймонам, худам чи хел ба ин роҳ рафтам намедонам…

Идомаро дар шумораи ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *