Вайрон шудани 6 хона ва 1 мактаб дар заминларзаи Лахш

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки бар асоси ҳисобҳои аввалия дар пайи заминларза дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ду хона пурра, чор хона ва як мактаб қисман зиён дидааст.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, барои пурра муайян кардани зарар таҳқиқ идома дорад. Ӯ гуфт, “рӯзи 5 май як комиссияи давлатӣ рафта буд. Барои беҳтар фаҳмидан боз супориш шуд, ки комиссия хона ба хона гашта, ҳатто деворҳои кафидаро сабт кунанд ва хулосаи худро нависанд. Яъне, ин деворҳо то куҷо хатарноканд ва хонаҳо садамавӣ шудаанд. Рӯзҳои наздик бояд зарар пурра муайян карда шавад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *