“ВАЗ-2107” ҷоиза барои лату кӯби марди маст
Мақомоти милиса аз боздошти марди 49-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки дар тарабхона марди мастро латукӯб карда, барои хонаводаи ҷабрдида худро наҷотдиҳанда муаррифӣ кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ боздоштшуда 3-юми март тахминан соати 22:00 дар ошхонаи “Маҳфуз”, воқеъ дар маҳаллаи Бофандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини 36-солаи ноҳияи мазкурро, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, лату кӯб кардааст: “Баъди кӯфтан ҷабрдидаро ба ҳавлии истиқоматиаш оварда, изҳор доштааст, ки гӯиё ӯро аз дасти шахсони номаълум бар ивази 500-доллари амрикоӣ наҷот додааст”.
Муттаҳам, ки қаблан бо моддаҳои 200 ва 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи тамаъҷӯӣ автомашинаи шахсии ҷабрдида тамғаи “ВАЗ-2107”-ро ба ивази «хизматаш» талаб кардааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ