Вазъи боду ҳавои имрӯза

4 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда аст. Ҳарорати ҳаво  дар ғарби вилоят 27-32 дараҷа ва дар шарқи он  15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳарорат дар водиҳо 37-42 дараҷа ва дар вилояти Суғд 35-40 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 33 то 38 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 34 — 36 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *