Вазъи Навалний дар Олмон чӣ гуна аст?

Вазъи саломатии Алексей Навалний,мунаққиди Путин вазнин боқӣ мондааст, гарчанде ки нишонаҳои заҳролудшавӣ торафт коҳиш меёбад.

Ҷисми ӯ ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ пайваст карда шудааст. Дар ин бора дар изҳороте, ки рӯзи чоршанбе клиникаи Берлин, ки дар он блогер табобат мегирад, нашр шудааст.

«Вазъи саломатии Алексей Навалний ҳанӯз ҳам ҷиддӣ аст. Аломатҳои басташавии холинестераз, ки дар натиҷаи заҳролудшавӣ ба вуҷуд омадааст, рӯз аз рӯз коҳиш меёбанд», — қайд карданд дар беморхона.

«Алексей Навалний табобатро дар шӯъбаи эҳёгарӣ идома медиҳад ва ба дастгоҳи нафаскашӣ пайваст аст» таъкид кардааст намояндаи “Шарритет. «Таъсири дарозмуддати заҳролудшавии шадидро ҳанӯз ҳам истисно кардан мумкин нест», — гуфта мешавад дар изҳорот. Дар Олмон онҳо гуфтанд, ки Навалний бо як моддаи гурӯҳи Новичок заҳролуд шудааст.Айни замон, “Шаррите” мушаххас накардааст, ки бемор дар ҳолати кома аст ё не.

Рӯзи чоршанбе ҳукумати Олмон изҳорот дод, ки дар асоси натиҷаҳои омӯзиши таҳлилҳои Навалний токсикологҳои бундесвер ба хулосае омаданд, ки блогер ба моддаи марбут ба гурӯҳи «Новичок» заҳролуд шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *