Вазъи саломатии Гулнора Каримова бад шудааст

Грегуар Манжа, вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова баъди дидор бо зерҳимояаш дар зиндони Зангиота дар саҳифаи Твиттер навишт, Гулнора дар ҳолати баде қарор дорад.

Грегуар Манжа, вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова баъди дидор бо зерҳимояаш дар зиндони Зангиота дар саҳифаи Твиттер навишт, Гулнора дар ҳолати баде қарор дорад.

«Ҳамин лаҳза аз Зангиота баргаштам. Муштарии ман ҳолати баде дорад. Фишори баланд. Як пояш комилан печонида шудааст. Ҳеч табобате намегирад. Ман аз давлат суоли содае дорам: чаро ва то кай? Ин худсариро қатъ кунед!» — навишт Грегуар Манжа.

Ба гуфтаи вакил, ба Гулнора Каримова кумаки лозимии тиббӣ расонида намешавад.

Ахиран духтари Гулнора Каримова — Имон Каримоваи 21-сола бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва додситонии кулли ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии Instagram гуфт, сардори зиндон ба модараш Гулнора Каримова фишор меорад. «Сардори зиндон ба раҳбарии кормандони Додситонии кулли Ӯзбекистон бо номи Илёс Султонович ва Анваров У. дастур медиҳад, ки ба модарам фишори ҷисмонӣ ва равонӣ диҳанд», — афзудааст ӯ.

Вале ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Ӯзбекистон иттилоъ дар бораи фишори равонӣ ба духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро рад кард. «Вазъи сиҳатии вай муътадил аст, ҳангоми зарурат ёрии тиббӣ дарёфт мекунад», — гуфт додситонӣ.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *