Вазъи сарҳад ором аст,роҳи Ворух боз шудааст

Тавре хабарнигори pressa.tj аз минтақаи сарҳадии Исфара ин лаҳза хабар медиҳад, вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон комилан ором аст ва зиндагии мардуми ҳарду самти марз ба маҷрои муқаррарии худ ворид гардидааст. Ҳоло соати 10 субҳи 2 май, роҳи байни Исфара ва Ворух, Чоркӯҳ ва ҳамчунин дигар минтақаҳо боз аст ва равуои мошинҳо мисли рузҳои муқаррарӣ идома дорад. Тавре,ки қаблан хабар дода будем, дирӯз дар натиҷаи гуфтушунидҳои байни ҳайатҳои ду тараф (ҷониби Тоҷикистонро раиси КДАМ Саймумин Ятимов роҳбарӣ мекард) оташбаси умумӣ ҷорӣ гардида, аз ҳарду тараф се нафарӣ намояндагон ин равандро назорат мекунанд. Айни замон ин ҳайатҳо вазифаи дар наздашон бударо дар хатти сарҳад бо кишвари ҳамсоя иҷро карда истодаанд. (Хабар аз минтақаи сарҳадӣ дар давоми руз такмил мешавад.Бо pressa.tj бошед)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *