Вазъи соҳаи маориф дар Хуросон аз нигоҳи Қурбонзода

Дар соли 2023-юм дар ноҳияи Хуросон се бино ва 19 синфхонаи иловагӣ сохта шудааст. Дар назар аст, ки соли равон ҳам се бинои иловагии дигар дар назди муассисаҳои таълимӣ бунёд гардад.

Исроил Қурбонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки барои беҳтар кардани шароити таълим соли ҷорӣ бунёди боз чанд бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар нақша аст. Ӯ мегӯяд, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъа сохтмони муассисаи таълимӣ дар нақша аст.

«Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми кишвар дар назди ду муассисаи таълимӣ бунёди бинои иловагӣ дар назар аст. Сохтмони як бино иборат аз 12 синфхона барои 30 хонанда дар як баст ва як бинои нисбатан калонтар барои 480 хонанда дар як баст дар нақша аст. Ҳамчунин як соҳибкори ҳимматбаланди ватанӣ сохтмони кӯдакистони хусусӣ ба зима гирифтааст»,-гуфт номбурда.

Исроил Қурбонзода афзуд, ки муассисаҳои таълимии садавӣ ва таъмирталаб дар ноҳияи Хуросон фаъолият мекарданд. Ӯ мегӯяд, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, Вазорати маориф ва илм, соҳибкорон ва сокинони ватандӯст, мушкили мавриди назар қариб, ки пурра бартараф карда шудааст.

«Ҳоло дар ду муассисаи таълимӣ биноҳои таъмирталаб ва садамавӣ дорем. Барои бартараф кардани мушкилиҳои мавҷуда ва сохтмони биноҳои нав тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст», — гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *