Вазъи зарардидагон таҳти назорати Президент аст (аксҳо аз беморхона) + (аудио)
Бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои табобати зарардигагони муноқишаи ахир дар марз табибони варзида ҷалб шудаанд.
Дар ин росто, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҷароҳатбардоштагони муноқишаҳои ахири марзиро аёдат намуданд.
Зимни аёдати захмиёни даргирии охир иттилоъ дода шуд, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои табобати сокинони зарардида табибони варзидаи вилоят ҷалб гардида, беморон бо доруворӣ ва хӯроки гарму ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.
“Афсарону сарбозони тоҷик бо баҳои ҷони худ марзу буми Ватанро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканона ҳимоят карда, бо азхудгузаштагӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти раиси вилояти Суғд.
Дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон чанде аз афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, ки ҷароҳат гирифта буданд, ба табобат фаро гирифта шуданд.
Вазъи зарардидагон таҳти назорати шабонарузии кормандони соҳаи тиб қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ