Призидент: Ваҳдатро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем

Бегоҳии имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таҷлил аз  Рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба варзишгоҳи шаҳри Хорӯғ ташриф оварда, суханронӣ намуд. Ӯ дар ин суханронӣ таъкид намуд, ки ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун як ҷузъи асосии тафаккури миллӣ дар ҷомеа тарғиб  карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни баёни ин ки барои ба сармар расидани ваҳдати миллӣ хурду бузурги ватан саҳми арзандаи худро гузоштанд, гуфт, он бояд мисли гавҳараки чашм эҳтиёт шавад: «Бинобар ин ваҳдаи миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир ҳар яки мо вазифа дорем, ки мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Ғояи Ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун иттиҳоди неруманди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносии миллӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба тарғиб карда шавад».

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои гузашта ва то ҳоли ҳозир барои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳои мушаххас андешида, як қатор иншоот ва лоиҳаҳоро сохат ба итмом расонид, ки он дар барои боз ҳам зебо шудани диёри Бадахшон мусоидат менамояд.

Дар охир презизент бори дигар ҳозирин ва тамомим мардуми Тоҷикситонро ба Рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки фазои сулҳу оромӣ дар кишвар ҳамеша бардавом хоҳад буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *