Вазир аз шумораи чиниҳо норозист
Дар нишасти имрӯзаи хабарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода, ки дар бинои Маркази санитарию эпидемиологӣ гузашт, саволу ҷавобҳо бештар дар мавриди сатҳи касбии духтурон, пулситонии онҳо аз беморон ва зиёд шудани сафи табибони чинӣ сухан рафт.
Вазир аз он хусус изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ шумораи табибони чинӣ, ки ҳар гуна муассисаҳои табобатии хусусӣ даъват карда меоранд, хеле афзудааст. “ Мо ҳамагӣ ба ду муассиса иҷозати истифода аз хизмати онҳоро додаем ва ман аз он ки сафи онҳо бештар мешавад, қонеъ нестам. Ин гуна табибон ҳатман зери назорати қатъӣ гирифта мешаванд ” гуфт вазир. Ба саволи хабарнигор дар мавриди он, ки чӣ қадар табибон бо ҷурми ришвахӯрӣ ва амалҳои коррупсионӣ ба даст афтодаанд, Нусратулло салимзода рӯйхатеро, ки Кумитаи мубориза бо коррупсия пешниҳод намудааст, ба хабарнигорон нишон додаистода, қайд кард, ки мутаассифона, чунин кирдорҳои зиддиқонунӣ ҳоло ҳам мавҷуданд, вале сатҳи коррупсия дар муассисаҳои тиббӣ нисбатан кам шудааст. Вазир дар ҷараёни ҷавобҳо ба саволи хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ҷумҳурӣ ҳоло аксарияти ҷарроҳиҳои мушкилро бо маблағи нисбати кишварҳои хориҷӣ камтар метавон амалӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ