Вазир: Донистани забони англисӣ ва русӣ эътибори хоса дорад!!!
Субҳи имрӯз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид намуд. Ин ташаббус дар доираи сафари кории вазир ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, дар доираи ин сафар вазирро Ҷамшед Ҷӯразода-муовини якуми вазир ҳамроҳӣ намуд.
Меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ Абдуфаттоҳ Раҳимов ва дигар масъулини раёсат пешвоз гирифтанд.
Вазир аз як қатор факултетҳои донишгоҳ дидан намуда, бо сатҳи таълим ва сифати таҳсилот шинос гардид. Аз ҷумла, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз факултети санъати тасвирӣ ва технология боздид намуда, бо арт — галерея, синфхонаҳои кандакорӣ ва рассомӣ шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дарсҳои амалии фанҳои тахассусӣ дар кабинетҳои таълимӣ сурат гирифта, дар доираи он донишҷӯён дониши назариявии худро дар амал татбиқ мекунанд. Ҳамзамон, маҳсули эҷоди донишҷӯён ба вазир нишон дода шуд.
Дар факулети физика ва техника вазир дар як қатор машғулиятҳо танҳо ва бе иштироки ягон масъули вазорату донишгоҳ иштирок намуда, ҳангоми суҳбат бо донишҷӯён ҳатто омӯзгори фанниро иҷозати иштирок надод. Ин иқдоми ғайримаъмулии вазир имкон дод, ки савияи дониши донишҷӯён холисона таҳлил гардида, донишҷӯён озодона бо вазир мулоқот ва ибрози назару пешниҳодоти худро манзур намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 32 лаборатория амал намуда, дар доираи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таъсиси боз як қатор лабораторияҳои нав дар нақша аст.
Вазири маориф ва илм зимни суҳбат бо устодон дастур дод, ки аз машғулиятҳои лексионии дилгиркунанда даст кашида, дарсҳоро бо истифода аз тахтаҳои электронӣ, усули фаъоли таълим ва интерактивӣ гузаронанд.
“Вақте омӯзгоронро кадрҳои соҳибтахассус, ҳирфаӣ ва ба ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ташкил медиҳанд, он гоҳ метавон ба пешрафт ва дастовард умед баст. Ҳар як омӯзгор бояд кӯшиш намояд, ки ба масъалаи забономӯзии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ дода, дарсҳоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монад” – таъкид дошт вазир.
Маркази иттилоот ва таҳлили ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ