Вазир имтиҳонҳоро аз рӯзи ид бардошт

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки 15-уми июн, рӯзи таҷлил аз Иди саиди Фитр, дар ҳеч муассисаи таълимии кишвар санҷишу имтиҳон баргузор нахоҳад шуд. 

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорат, рӯзи 11-уми июн дар баёнияи расмӣ гуфт, ҷадвали санҷишу имтиҳонҳоро ҳанӯз моҳи январи имсол тасдиқ карда буданд ва он вақт рӯзи дақиқи иди Рамазонро намедонистанд.“Бинобар ин, бо фармони вазир аз 7-уми июн он имтиҳонҳое, ки ба рӯзи ид рост меомад, ба 16-уми июн гузаронда шуд”, — афзудааст  ӯ. Эҳсони Хушбахт гуфтааст, ки тағйирот ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо ба ҳама мактабҳои кишвар дастрас шудааст ва риоя хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *