Вазир капитани бадмастро аз кор ронд

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкории байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили вазорат Парвиз Раҳимов, ки дар ҳолати мастӣ бо мошин  пиёдагардро зер намуда, аз по афтонидааст, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Тавре аз вазорат хабар доданд, 22 август, соати 21:30, мошини тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш 46-50 СН 01, таҳти идораи ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкории байналмилалии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Раҳимов Парвиз Раҳматович, соли таваллудаш 1986, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар ҳудуди кӯчаи С.Шерозии пойтахт пиёдагард Хисрав Маҳмадов, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Восеъро зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба иттилои  манбаъ, нисбат ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе мавод тартиб дода шуда, аз рӯи тобеъият барои тадбирандешӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Ҳамчунин ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкории байналмилалии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Раҳимов Парвиз Раҳматович бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *