Вазир: Мо тавонистем 5 гаравгонро озод кунем
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода рӯзи 14 феврал дар нишасти хабариаш сабаби истифодаи нирӯҳои ОМОН барои саркӯби ошӯби маҳбусон дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷандро шарҳ дод.
Рамазон Раҳимзода гуфт, шаби 7 ноябри соли 2018 як гуруҳи маҳбусони ошӯбгар дар зиндони Хуҷанд 7 корманди ин муассисаро гаравгон гирифта, дар иваз пеши мақомот шартҳои худро гузоштанд. Раҳимзода гуфт: «Азбаски талаби онҳо ғайриқонунӣ буд, нерӯҳи махсус вориди амалиёт шуданд. «Аллакай ду гаравгон кушта шуда буданд. Мо тавонистем панҷ нафари боқимондаро озод кунем.”
Вазири дохилаи Тоҷикистон гуфт, ошӯбро дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд тарафдорони гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ ташкил карда буданд. Масъулияти он ошӯбро созмони террористии ДОИШ («Давлати исломӣ”) ба дӯш гирифтааст.
Қаблан намояндагони Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфтанд, дар ҷараёни тафтиш дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои коррупсионӣ ошкор карда шудаанд.
Дар пайи ошӯб дастикам 8 корманди зиндони рақами 3, бо шумули сардори собиқаш Файзулло Сафарзода бо иттиҳоми берун рафтан аз ҳадди вақолатҳои хидматӣ, гирифтани пора ва хунукназарӣ дастгир шуда, ду ҳафта баъди ошӯб генерал Иззатулло Шарифзода аз мақоми сардори идораи зиндонҳои вазорати адлия барканор карда шуд. Ҳамин тавр, баъди ошӯб чанд мақоми баландпояи додситонии вилояти Суғд, ки масъулияти назорати қонуният дар зиндонҳои ин вилоятро ба дӯш доштанд, барканор карда шуданд.
Дар робита ба ошӯб дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд ҳамон рӯзи 7 ноябр бар асоси 11 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 179, қисми 3, 104, қисми 2, 189, қисми 1, 328, қисми 2, 329, 330, қисми 1, 331, қисми 3, 332, қисми 2, 364, 365, қисми 2 ва 32, қисми 3 – парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
(Оид ба нишасти матбуотӣ муфассал дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ