Вазир нархи роҳкироро боло бурд

Нархи  роҳкиро дар хатсайрҳои мусофирбарии дохили шаҳру ноҳияи вилояти Суғд  боло рафт. Акнун мусофирон барои микроавтобусҳо 1 сомонию 50 дирам пардохт мекунанд.

Олим Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар суҳбат бо хабарнигори  “Ҳақиқати Суғд” гуфт, ки аз 4-уми март  арзиши роҳкиро дар хатсайрҳои мусофиркашонии дохилишаҳрии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Истаравшан, шаҳракҳои Ғафуров, Шайдон, Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ ва Навкати ноҳияи Спитамен 1 сомонию 50 дирам пешбинӣ шудааст.

“Бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 19 аз 16 –уми январи соли 2018-ум «Оид ба тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ» ва мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят арзиши роҳкиро боло рафт”,- изҳор дошт мавсуф.

Масъулин сабаби асосии қимматшавии роҳкироро ба болоравии арзиши маводи сӯзишворӣ марбут медонанд. Бино ба маълумоти масъулини соҳа, нархи сӯзишворӣ асосан аз охири моҳи феврали соли равон боло рафта, алҳол арзиши сӯзишвории дизелӣ аз 5 сомонию 80 дирами қаблӣ ба 7 сомониву 50 то 8 сомонӣ, бензин аз 6 сомонӣ то ба 8 сомонӣ ва гази моеъ аз 3 сомонию 50 дирами қаблӣ ба 4 сомонию 50 дирам расидааст.

Гуфта мешавад, ки  нархи роҳкиро дар автобусҳои шаҳрӣ аз рӯи нархномаи пешина фаъолият бурда, дохили шаҳр роҳкиро 1 сомонӣ боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *