Вазире, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър эҷод мекард…

Ба мардуми тоҷик муаррифӣ кардани фарзанди фарзонаи он — Сафаралӣ Раҷабов ҳеҷ ҳоҷат нест, зеро ӯ фарзанди содиқи ин миллат, дӯсти беғараз ва пайрави Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Аз соли 1990 то дами марг (2011) ҳамчун ходими давлатӣ сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатро ҷавонмардона ва беғаразона дастгирӣ мекарду татбиқ менамуд.

Сафаралӣ Раҷабов 2-юми сентябри соли 1955 дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Файзобод чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи 2 мактаби олӣ — Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) ва Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) буд. Фаъолияти меҳнатии ӯ ҳамчун коргари хоҷагии бригадаи саҳроии совхози “Қалъаидашт”-и ноҳияи Файзобод аз соли 1972 оғоз ёфтааст. Баъди гирифтани маълумоти олии педагогӣ соли 1977 аввал муаллими Мактаби миёнаи рақами 8, солҳои 1978-1980 сардори клуби варзишӣ-техникӣ, 1981-1986 директори Комбинати таълимӣ-истеҳсолии байнимактабӣ, 1986-1990 директори Омӯзишгоҳи касбҳои техникии рақами 24-и ноҳияи Файзобод буд. Соли 1990 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Файзобод интихоб шуд. Солҳои 1990-1995 аввал котиби кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, сонӣ муовини раиси ҳамин кумита ва сипас раиси кумитаи зикршуда буд. Солҳои 1995-2000-ум раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2000-ум аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Солҳои 2000-2005 вазири маорифи Тоҷикистон шуда кор кард. Соли 2005 аз рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва солҳои 2005-2010 раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи давлатӣ буд. Соли 2010 аз ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур №3 вакили Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аз моҳи марти соли 2010 то октябри соли 2011 ба ҳайси раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ фаъолият кардааст.

Сафаралӣ Раҷабов 5-уми октябри соли 2011 дар синни 56-солагӣ аз олам даргузашт.

Ӯ номзади илми сиёсатшиносӣ, доктори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикисон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз соли 1994 буд.

Солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон сиёсати давлату ҳукумат нисбат ба илму маориф дигар шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти том чунин таъкид карданд: “Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бо дастҷамъӣ рӯй ба ҷониби мактабу маориф оварем. Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам”.

Сафаралӣ Раҷабов, ки солҳои 2000-2005-ум вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, барои амалӣ кардани ин ҳадафи нек тамоми қуввату ғайрату истеъдоди худро сарф кард.

Солҳои вазирии Сафаралӣ Раҷабов кормандони вазорат зери шиори “Ислоҳоти маорифро таҳким мебахшем” амал карда, баҳри татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи таҳсилот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори дигар лоиҳаи 11 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқиро пешниҳод намуданд ва ин ҳуҷҷатҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра дастгирӣ ёфта, қабул карда шуданд, ки ин бешубҳа ба пешрафти кори соҳа такони ҷиддие гардид.

Дар ин давра Вазорати маориф барои беҳтар намудани сифати ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва берун аз он кӯшишҳои зиёд кард. Бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Украина, Полша, ИМА, Индонезия ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо расонид, ки онҳо баъдан барои рушди маорифи кишвар мусоидат намуданд.

Сафаралӣ Раҷабов на танҳо сиёсатмадори варзида, роҳбари кордону корозмуда, балки донишманд ва шоири хушсалиқа ҳам буд. Ба қалами ӯ китобҳои “Дунявият иродаи халқ аст” (с. 1996), “Ҳокимияти қонунгузор” (с. 1999), “Тоҷикистон: давлати дунявӣ” (назария, таҷриба ва проблема), ба забони русӣ (с. 2000), “Мақоми маориф” (с. 2002), “Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (с. 2004), “Маорифи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият” (с. 2006), “Баёзи ашъори Сафаралӣ Раҷабов” (баъди вафоташ, с. 2017), ҷамъ 14 китоб ва беш аз 70 мақолаи илмӣ-таълимӣ тааллуқ доранд.

Сафаралӣ Раҷабов табъи хуби шоирӣ ҳам дошт ва бо тахаллуси “Ниҳонӣ” шеър эҷод мекард. Соли 2017 ашъори ӯ бо кӯшиши писари калониаш — Мутеъулло бо номи “Баёзи ашъори Сафаралӣ Раҷабов” дастраси хонандагон карда шуд. Ашъори боқимондаи ӯ асосан аз ғазал, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ, қитъа, тарҷеъбанд, мусаммат ва фард иборат буда, дар мавзуҳои мухталифи зиндагӣ таълиф шудаанд.

Чи тавре ки маълум аст, солҳои навадуми асри ХХ ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои зиёде овард ва дар он солҳо Сафаралӣ Раҷабов дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ кор мекард ва аз зиндагии сахти мардум аз наздик бохабар буд. Ӯ бо чашмони худ медид, ки як гурӯҳи одамон дар ғами нонанд, гурӯҳи дигар аз ин бадтар, дар ғами ҷонанд, хоҳарону модарон ҳама ҳайрону гирёнанд. Ниҳонӣ аз ҳолати рӯҳии мардум ба танг омадааст ва ба ҳоли зори онҳо пинҳонӣ нола мекунад. Касоне, ки рӯзҳои сахти солҳои навадуми асри бистро дида бошанд, нисбати ин ғазали Ниҳонӣ бетараф буда наметавонанд:

Аз сӯзи дили ёрон месӯзаму месӯзам,

Аз бахти бади инсон месӯзаму месӯзам.

Ҳайрон ҳама ҷо хоҳар, гирён ҳама ҷо модар,

Аз оҳи дили тафсон месӯзаму месӯзам.

Рафта аз ҳама шафқат, монда ҳама дар ғафлат,

Аз кулфати ғам чандон месӯзаму месӯзам.

Оламро намон(д) қиммат, мардонро намон(д) ҳиммат,

Аз ҳоли бади пирон месӯзаму месӯзам.

Мардум ҳама ҷо сарсон, сарвар ҳама ҷо ҳайрон,

Аз кашмакаши даврон месӯзаму месӯзам.

Чанде ба ғами ҷонанд, боқӣ ба ғами нонанд,

Аз ғурбату аз афғон месӯзаму месӯзам.

Урватулло ТОИРОВ,

профессори ДМТ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *