Вазири дифои Олмон раҳбари Комиссияи Аврупо шуд
Вазири дифои Олмон Урсула фон дер Ляйен раҳбари Комиссияи Аврупо интихоб шуд. Дар ин бора нашрияи Politico хабар дод.
Вазири дифои Олмон Урсула фон дер Ляйен раҳбари Комиссияи Аврупо интихоб шуд. Дар ин бора нашрияи Politico хабар дод.
Урсула фон дер Ляйен дар ин мақом Жан-Клода Юнкерро иваз ва корро аз 1 ноябри соли равон оғоз хоҳад кард.
Вай нахустин зане шуд, ки мақомоти иҷроияро дар Иттиҳоди Аврупо раҳбарӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин аввалин зане буд, ки вазири дифои Олмон таъйин шуд. Урсула фон дер Ляйен 17 июли соли равон аз мақоми вазирии дифои Олмон канор хоҳад рафт.
Ба ҷонибдорӣ аз номзадии Урсула фон дер Ляйен ба мақоми раҳбарии Комиссияи Аврупо 387 вакил раъй дода, 327 каси дигар зид баромаданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ