Вазири дифои Покистон ба ҳукумати Толибон таҳдид кард

Расонаи “THE DAWN” хабар медиҳад, ки вазири дифои Покистон Хаваҷ Осиф ба ҳукумати Толибон ҳушдор додааст, ки агар онҳо фаъолияти ҷангҷӯёни зидди Покистонро ором карда натавонанд, ба паноҳгоҳҳои террористон дар Афғонистон ҳамла хоҳанд кард.

Осиф дар як мусоҳибаи расонаӣ гуфт, ки дар ҷараёни сафараш ба Кобул мақомоти покистонӣ ба Толибон ёдоварӣ карданд, ки пойбанди амнияти марзӣ ҳастанд ва борҳо таъкид карданд, ки онҳо иҷоза нахоҳанд дод, то аз қаламрави Афғонистон барои ҳамла ба Покистон истифода шавад.

«Агар уҳдадориҳо иҷро нашаванд, мо маҷбур мешавем, ки чораҳои муайянеро ба кор барем, яъне ба ҳар ҷое, ки дар Афғонистон паноҳгоҳ барои террористҳо вуҷуд дорад, бо дақиқии баланд зарба занем, зеро мо ба чунин вазъ муддати тӯлонӣ таҳаммул карда наметавонем»,- таъкид кард вазир.

Тибқи гузориши Пажуҳишгоҳи сулҳи Исломобод, дар соли 2022 дар Покистон дастикам 262 ҳамлаи террористӣ рух дод, ки Толибони покистонӣ масъулияти дастикам 89-тояшро бар уҳда гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *