Вазири фарҳанги Қатар ба Тоҷикистон омад
Шоми 15 октябр вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ вориди Душанбе гардид.
Ӯ дар чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, меҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, муовини аввали вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода ва Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки имрӯз,16 октябр вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуда, ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвари дӯстро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ