Вазири хориҷаи Русия ба ҳодисаи Навалний вокуниш кард

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров нахустин мақоми баландпояи ҳукумати Русия шуд, ки ба гузориши таҳқиқотӣ дар бораи омилони заҳролудкунии Алексей Навалний вокуниш кард. Хабар дод Озодӣ.

Манбаъ мегӯяд, Лавров, ки рӯзи 16 декабр дар Загреб буд, ба саволи журналистон гуфт, таҳқиқот “ҷиддӣ нест”. Интерфакс дар нақли қавл аз ӯ навишт: “Мо аллакай одат кардаем, ки ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ дар матбуот ҳамин тавр дар ҳақи Русия иттиҳомоти навбатӣ нашр мекунанд. Хондани ин ҳама хабарҳо ҷолиб аст, вале шеваи тақдими ин хабарҳо фақат баёнгари як чиз аст: шарикони ғарбии мо ҳеҷ меъёри ахлоқӣ надоранд”.

Ӯ гуфт, набуди шарҳ аз ҷониби Маскав ба он маъно нест, ки Кремл дар ин заҳролудкунӣ даст дорад. “Агар хомӯш буд, пас гунаҳгор аст. Беарзиш будани ин шева ба ҳар як одами солим маълум аст”.

Гуфта мешавад, ки рӯзи душанбе дар як таҳқиқоти гурӯҳи Bellingcat ва Insider, ки ба ҷузъиёти заҳролудшавии Навалний бахшида шудааст, исми кормандони ФСБ оварда шуд, ки дар сӯиқасд ба ҷони сиёсатмадори мунаққиди Кремлин гумонбар мешаванд. Худи Навалний президент Владимир Путинро гунаҳгор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *