Вазири корҳои хориҷии Афғонистон истеъфо дод

Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон ба таври ғайримунтазира аз мақомаш истеъфо дод.

Вай дар номааш  ба президент Ашраф Ғанӣ дар рӯзи 23 октябр навишт, ки «дар ин муддат фазои корӣ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ, аз ҳамон оғози рӯзҳои ин ҳукумат то ин рӯзҳои поёнӣ, матлуб набуд».

Салоҳиддин Раббонӣ моҳи январи соли 2015 мақоми вазири корҳои хориҷии Афғонистонро касб карда буд. Вай аз афроди наздик ба Абдуллоҳ Абдулоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон ва рақиби умдаи президент Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури он кишвар маҳсуб мешавда.

Вай навиштааст, давраи кории ҳукумати ваҳдати миллӣ ба поён расида ва дар вазъияти шиканандаи кунунӣ бештар аз пеш ба эҷоди фазои ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ зарурат аст, тахриби ниҳодҳои давлатӣ ба шеваҳои гуногун аз сӯи ниҳодҳое, ки худ иддаои давлатсозӣ дорад, ғайри қобили таҳаммул аст.

Истеъфои Салоҳиддин Раббонӣ дар ҳолест, ки натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки рӯзи 28 сентябр баргузор то ба ҳол эълон нашудааст ва коршиносон ва маҳофили сиёсӣ аз бурузи боз як бӯҳрони дигар дар ин кишвар, сухан мегӯянд.

Салоҳиддин Раббонӣ писари Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон аст. Падари ӯ моҳи сентябри соли 2012 дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Салоҳиддин Раббонӣ баъди даргузашти падараш муддате раҳбарии Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро бар ӯҳда дошт ва ҳоло раиси Ҷамъияти исломӣ, ҳизби таъсисдодаи падараш низ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *