Вазири кишоварзӣ: Саршумори чорво кам нашудааст (Видео)

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ саршумори чорвои калон ба 2350,3 ҳазор сар ва гӯсфанду буз 5780,9 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 101,7 дарсад ва гӯсфанду буз 100,9 дарсад зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ саршумори чорвои калон ба 2350,3 ҳазор сар ва гӯсфанду буз 5780,9 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 101,7 дарсад ва гӯсфанду буз 100,9 дарсад зиёд гардидааст.

Дар ин бора Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 15 июл зимни нишасти хабари дар шаҳри Душанбе хабар дод.

 Ин дар ҳолест, ки нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи Рамазон баякбор боло рафта ва ҳоло арзиши як кило гӯшт дар Душанбе аз марзи 50 сомониро убур кардааст.

Қассобон ва тоҷироне, ки ба харидуфурӯши чорво машғуланд, мегӯянд, камчинии чорво на танҳо мавсимӣ ба назар мерасад, балки дар маҷмӯъ солҳои ахир шумораи чорво дар муқоиса ба талаботи мардум ба гӯшт кам ва ҳам чарогоҳҳо тангу несту нобуд шуда истодаанд.

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон ба навбати худ афзоиши нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба талаботи истеъмолии аҳолӣ нисбат дод ва гуфт, ки вазъи зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст ва талабот ба маҳсулоти беҳтар ниёз дорад.

Вале шарҳи вазири кишоварзӣ хабарнигороро қонеъ накард. Бояд зикр намуд, ки дар аввалҳои моҳи май, қабл аз моҳи Рамазон 1 кило гӯшти гов дар бозорҳои Душанбе 38 сомонӣ арзиш дошта бошад, ҳоло ин рақам ба 50-52 сомонӣ расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

29 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *