Вазири кишоварзии Русия дар Хатлон чи кор мекунад?

Дмитрий Патрушев, вазири кишоварзии Федератсияи Россия бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон меояд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дмитрий  Патрушев, вазири кишоварзии  Федератсияи  Россия  бо сафари корӣ  ба вилояти Хатлон меояд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,   дар назар аст Дмитрий Патрушев 16 майи  соли равон ба вилояти Хатлон сафар намуда,  бо мақомоти вилоят  тавсеъаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва дигар масъалаҳои меҳвариро баррасӣ кунад.

Дар доираи ин сафар вазири кишоварзии  Федератсияи  Россия  аз гармхонаҳои мавсимӣ, боғҳои меваҳои гуногун, майдонҳои кишти сабзавот ва полезӣ, гармхонаҳои лимӯпарварӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини  Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун  боздид хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *